Нимҳимоятгари дастаи “Манчестер Юнайтед” Бруну Фернандеш рекорди Премйер-лигаи Англияро аз рӯи шумораи пасҳои головар дар як мавсим такрор намуд.
Футболбози португалӣ дар бозии даври 37-уми чемпионати Англия муқобили “Ноттингем Форест” (3:2) 20-умин паси головари худро дар мавсими ҷорӣ анҷом дод ва ба нишондиҳандаи беҳтарин дар таърихи Премйер-лига баробар шуд.
Пеш аз ин чунин натиҷаро танҳо собиқ ҳамлагари “Арсенал” Тйерри Анри дар мавсими 2002/2003 ва собиқ нимҳимоятгари “Манчестер Сити” Кевин Де Брёйне дар мавсими 2019/2020 ба даст оварда буданд.
Бруну Фернандеш аз моҳи январи соли 2020 дар ҳайати “Манчестер Юнайтед” бозӣ мекунад ва яке аз бозигарони калидии даста ба ҳисоб меравад. Шартномаи ӯ бо клуб то тобистони соли 2027 амал мекунад.
Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt, арзиши бозории футболбози португалӣ 40 миллион евро арзёбӣ мешавад.
Дар даври охири Премйер-лига “Манчестер Юнайтед” рӯзи 24 май бо “Брайтон” бозӣ мекунад.
