Сармураббии мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон Далер Каёсов, ки дастаро ба Ҷоми ҷаҳон-2026 баровард, дар бораи натиҷаи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 изҳори назар кард. Дастаи мо дар ин қисми мусобиқа тимҳои Тайланд (2:0) ва Мянмар (1:0)-ро мағлуб карда, бо Арабистони Саудӣ (5:5) мусовӣ намуд. Дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2026 миллипӯшони Тоҷикистон бо яккачини наврасони Ҷопон нерӯ месанҷанд.
«Мо дар гурӯҳи хеле душвор ва ҷолиб қарор доштем – мизбонони мусобиқа Арабистони Саудӣ, инчунин дастаҳои Тайланд ва Мянмар. Ҳар як рақиб услуби хоси худро дошт. Тайланд футболи муташаккил ва бо фишори фаъол нишон дод, Мянмар бештар аз дифоъ ва аксулҳамла истифода бурд, Арабистони Саудӣ бошад, бо суръати баланд, ҳаракат ва техникаи хуб фарқ мекард. Бо вуҷуди ҳаяҷон пеш аз бозии аввал, бачаҳои мо оғози хуб карданд ва интизому характери хуб нишон доданд. Мо тавонистем Тайландро мағлуб кунем ва баъдан бар Мянмар низ пирӯзии муҳим ба даст орем, ки дар он сабр ва ташкили дурусти бозӣ бар зидди дифои сахти рақиб нақши ҳалкунанда дошт.
Дар бозӣ муқобили Арабистони Саудӣ барои ишғоли зинаи аввал дар гурӯҳ ба мо пирӯзӣ лозим буд. Мухлисон шоҳиди бозии воқеан кушод, имкониятҳои зиёди голзанӣ ва даҳ гол гардиданд. Дастаи мо иродаи қавӣ нишон дода, тавонист мусовӣ кунад, ки ба мо имкони ишғоли зинаи дуюмро дар гурӯҳ фароҳам овард.
Ҳоло моро бозӣ муқобили Ҷопон интизор аст – дастаи хеле муташаккил, ки бо суръати баланд, ҷойивазкуниҳои хуб ва истифодаи оқилонаи майдон бозӣ мекунад. Онҳо бозигарони зиёди тезсуръат ва техникӣ доранд, аммо мо низ принсипҳо ва сабки бозии худро дорем. Мо ба ин бозӣ танҳо бо як ҳадаф мебароем – пирӯзӣ.
Айни замон дар ҳайати даста баъзе мушкилоти кадрӣ мавҷуданд. Якчанд бозигарони калидӣ ҷароҳат гирифтаанд ва капитани даста Мустафо Ҳасанбеков бинобар корти сурх дар бозии оянда ба майдон намебарояд.
Аммо ҳатто дар чунин вазъият мо дар майдон на танҳо барои ҳамдигар, балки барои мухлисон, барои кишвари худ ва барои ҳамаи онҳое, ки ба мо бовар доранд, бозӣ хоҳем кард. Мо ба бачаҳои худ бовар дорем – онҳо супоришҳоро хуб иҷро мекунанд, ирода нишон медиҳанд ва омодаанд то дақиқаи охир мубориза баранд. Моро бозии хеле душвор интизор аст», – гуфт Далер Каёсов.
