LIVE

“Бавария” ба Нойер шартномаи нав пешниҳод кард

Дарвозабони бошгоҳи “Бавария”-и Мюнхен Мануэл Нойер ба муддати як мавсими дигар дар бошгоҳ боқӣ хоҳад монд ва ба зудӣ шартномаи нав имзо хоҳад кард, мегӯяд Фабрисио Романо дар саҳифаи хеш дар шабакаи иҷтимоии X.
Даста рӯзи гузашта дар даври нимфиналии Лигаи Чемпионҳо бо “ПСЖ” ба натиҷаи мусовии 1-1 расид, аммо дар ду бозӣ бо ҳисоби 5-6 мағлуб шуд ва аз идомаи рақобат хориҷ шуд. Дарвозабони олмонӣ вақти ин бозиҳо аз шаш зарба шаш гол сар дод: дар бозии аввал ӯ панҷ гол сар дод ва ягон сейв анҷом дода натавонист ва дар бозии дуюм бо бошад бо вуҷуди сардиҳии як гол шаш маротибаи дигар дарвозаашро аз сар додани гол эмин нигоҳ дошта тавонист.
Лигаи Чемпионҳо. Нимфиналҳо. Бозии 2-юм
7 майи соли 2026, панҷшанбе. 00:00 ДШБ
“Бавария” (Мюнхен, Олмон) 1:1 “ПСЖ” (Париж, Фаронса)
0:1 Дембеле – 3' 1:1 Кейн – 90+4'
Тибқи иттилои  манбаъ гуфтушунидҳо дар ин бора аллакай оғоз ёфта, дар марҳилаҳои ниҳоӣ қарор доранд. “Бавария” аллакай ба агентҳои дарвозабонҳое, ки ба бошгоҳ пешниҳод шудаанд, хабар додааст, ки Нойер ба муддати як мавсими дигар дар даста боқӣ хоҳад монд.
Интизор меравад, ки Нойер дарвозабони асосии даста боқӣ монад, аммо ивазкунандаи ӯ Йонас Урбиг  вақти бештари бозӣ хоҳад гирифт. Интизор меравад, ки Нойер ба Урбиг кунмак намояд баҳри дарвозабони асосӣ намудани ӯ ба ситоди мураббиён ёрӣ расонад. Қобили зикр аст, ки ҳарду дарвозабонон аз ин тартиби кор розӣ ҳастанд.
Нойер ин мавсим дар ҳама мусобиқаҳо 36 бозӣ анҷом дода, 39 гол ба дарвозааш сар дод ва дар 11 рақобати дигарро бидуни сар додани гол ҷамъбаст намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив