LIVE

Халки 39-сола бо бошгоҳи "Флуминенсе" шартнома баст

Бозигари собиқадори бразилӣ Халк бо дастаи "Флуминенсе" шартнома баст. Хадамоти матбуоти бошгоҳ дар ин бора хабар дод.
Ҳамлагари бразилӣ шартномаи мӯҳлаташ то охири соли 2027 имзо намуд ва ба тими наваш ҳамчун агенти озод ҳамроҳ шуд.
"Яке аз футболбозони воқеан барҷастаи бразилӣ бо тими мо то 31 декабри соли 2027 шартнома баст. Ҳалк дар тамоми фаъолияти худ дар ҳама ҷое, ки бозӣ кардааст, қаҳрамонӣ нишон додааст", - омадааст дар эълони сомонаи расмии бошгоҳи "Флуминенсе".
"Атлетико Минейро" рӯзи 1-уми май шартнома бо ҳамлагари 39-сола сарвони тим Ҳалкро қатъ карда буд.
Бо дастаи "Атлетико Минейро" Ҳалк қаҳрамонии Бразилия ва чор маротибаи дигар қаҳрамонии иёлати Минас-Жерайсро ба даст овардааст. Ҳамлагар дар 309 бозии ҳамаи мусобиқаҳо бо ин тим 140 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив