LIVE

“МЮ” мехоҳад Каррикро мураббии доимӣ таъин кунад — The Guardian

Ба Майкл Каррик имкони ба таври доимӣ вазифаи сармураббигии “Манчестер Юнайтед” пешниҳод карда мешавад, хабар медиҳад The Guardian.
Каррик ҳанӯз бо Раёсати клуб дар бораи ояндааш сӯҳбат накардааст, аммо манбаъ иддао дорад, ки директори варзишӣ Ҷейсон Уилкокс ва директори иҷроия Омар Беррада аз кори мураббӣ розиянд.
Даста дар 10 бозии худ аз замони таъин шудани Каррик ба вазифаи сармураббии муваққатӣ дар  Премер-лига сар аз  моҳи январ 14 пирӯзӣ ба даст оварда, пеш аз мӯҳлат ба Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфтааст.
Роҳбарони “Манчестер Юнайтед” инчунин медонанд, ки Каррик аз ҷониби даста ва утоқи либоспӯшӣ дастгирӣ дорад, аз ин рӯ манбаъ интизор аст, ки акнун, ки "девони сурх" бозгашти худро ба мусобиқаҳои элитаи Аврупо тасдиқ кардаанд ва ба Майкл шартномаи доимӣ пешниҳод карда мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив