LIVE

“Арсенал” бори аввал дар тӯли 20 сол ба финали ЛЧ роҳ ёфт

Бошгоҳи футболи “Арсенал” дар даври нимфиналии Лигаи Чемпионҳо бо ҳисоби умумии 2-1 “Атлетико Мадрид”-ро мағлуб кард ва бори аввал дар тӯли 20 сол ба финал баромад.
Лигаи Чемпионҳо. Нимфиналҳо. Бозии дуюм
6 майи соли 2026, чоршанбе. 00:00 ДШБ
“Арсенал” (Лондон, Англия) 1:0 “Атлетико Мадрид” (Мадрид, Испания)
1:0 Сака – 45'
Охирин финали Лигаи Чемпионҳо барои "тӯпчиён" соли 2006 буд. Дар он бозии ниҳоии мусобиқа “Арсенал” бо “Барселона” рӯбарӯ шуд ва бо ҳисоби 2-1 мағлуб гардид. Ҳимоятгар Сол Кэмпбелл голи ягонаи дастаи шаҳри Лондонро ба самар расонид, дар ҳоле, ки аз сафи “блаугранас” Самуэл Это'о ва Ҷулиано Беллетти гол заданд.
Финали мусобиқаи кунунӣ дар варзишгоҳи Пушкаш Аренаи шаҳри Будапешт рӯзи 30-юми майи соли 2026 баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив