LIVE

Қоидаҳои футбол дар Ҷоми ҷаҳон-2026 дигар мешаванд — The Athletic

Ҳамаи кортҳои зард пас аз марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон ва даври чорякфиналӣ бекор карда мешаванд, то эҳтимолияти аз даст додани бозигарон дар бозиҳои марҳилаи плей-офф кам карда шавад, хабар медиҳад нашрияи The Athletic.
Қоидаҳои нав дар бораи маҳрумият аз кортҳои зарди ҷамъшуда дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Иёлоти Муттаҳида, Канада ва Мексика рӯзи сешанбе дар шаҳри Ванкувер дар ҷаласаи Шӯрои ФИФА баррасӣ ва тасдиқ карда мешаванд.
Дар Ҷоми ҷаҳонии қаблӣ кортҳои зард танҳо пас аз даври чорякфиналӣ бекор карда мешуданд. Аммо бо назардошти васеъ шудани мусобиқа ба шумораи 48 даста (аз 32 дастаи қаблӣ) ФИФА ният дорад, ки қоидаҳоро барои кам кардани шумораи маҳрумият аз кортҳо тағйир диҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив