Бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” ба тамдиди шартнома бо ҳамлагари бразилӣ Винисиус Ҷуниор хеле наздик шудааст.
Тибқи иттилои рӯзноманигор Флориан Плеттенберг, миёни клуб ва бозигар аллакай мувофиқаи асосӣ ба даст омадааст. Ҳоло танҳо баъзе ҷузъиёти охирин боқӣ мондаанд, ки пас аз ҳал шудани онҳо шартномаи нав расман имзо хоҳад шуд.
Винисиус яке аз бозигарони калидии “Реал” ба ҳисоб рафта, нақши муҳим дар хатти ҳамлаи даста дорад. Роҳбарияти клуб мехоҳад ӯро барои солҳои дароз дар ҳайат нигоҳ дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими ҷории Ла Лига Винисиус дар 31 бозӣ иштирок намуда, 12 гол ба самар расонида, инчунин 5 партофти головар анҷом додааст. Ин нишондиҳандаҳо саҳми назарраси ӯро дар натиҷаҳои даста тасдиқ мекунанд.
