Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон барои анҷоми машқҳои дастаҷамъӣ ба Дубай рафт.
Барои ин машқҳо, ки то 2 май идома меёбад, сармураббӣ Далер Каёсов 26 бозигар – се дарвозабон, 10 ҳимоятгар, нӯҳ нимҳимоятгар ва чор ҳамлагарро даъват кардааст. Дархости ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 23 бозигарро дар бар мегирад.
Дар ҷараёни тамринҳо, мураббиён кӯшиш мекунанд, ки омодагии ҷисмонӣ ва тактикии бозигаронро беҳтар намуда, ҳамоҳангии дохилидаставиро тақвият бахшанд. Инчунин, интизор меравад, ки даста дар доираи ҷамъомад чанд бозии санҷишӣ низ баргузор кунад, то сатҳи омодагии худро пеш аз мусобиқаи асосӣ муайян намояд.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «А» ҳунарнамоӣ мекунад. Рақибони даста мунтахабҳои Тайланд (5 май), Мянмар (9 май) ва Арабистони Саудӣ (12 май) мебошанд.
Ҳайати мунтахаби то 17 солаи Тоҷикистон барои тамринҳои дастаҷамъӣ дар шаҳри Дубайи АМА:
Дарвозабонҳо: Абубакр Раҳмонкулов («Панҷшер»), Муҳаммадраҳим Раҳмонов («Ҳосилот»), Рамазон Абдуллозода («Душанбе»);
Дифоъгарон: Исломҷон Хоҷиев (Академия «Крилья Советов», Россия), Мактум Алидодов («Ал-Наср», АМА), Фурқон Раҳимзода («Ҳосилот»), Мустафо Ҳасанбеков («Истиқлол»), Садриддин Сатторов, Озодбек Танҷихолов, Ёкубҷон Муродов (ҳама – «Вахш»), Мунаввар Анварзод, Ҳикматулло Кабиров, Мухаммадҷон Кароматуллозода (ҳама – «Душанбе»);
Ниммуҳофизатгарон: Ёсин Юсупов (Академияи «Леванте», Испания), Меҳрубон Одилзода («Истиқлол»), Парвиз Бобоназаров («Вахш»), Мухаммадҷон Мираҳмадов («Барқчӣ»), Олимҷон Олимов, Сиёвуш Назаров, Азизҷон Шодиев, Комилҷон Шарипов, Фирдавси Ҳалимов (ҳама – «Душанбе»);
Ҳамлагарон: Парвиз Сангинов («Космос», Россия), Асадбек Махтумов («Эсхата»), Биҳишти Раҷабзод, Алиҷон Шуҳратҷонзода (ҳама – «Душанбе»).
Сармураббӣ – Далер Каёсов.
