LIVE

"Ал-Наср" дар даври чорякфиналии ЛЧ-2 КФО "Ал-Васл"-ро мағлуб кард

Бозии даври чорякфиналии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО  байни дастаҳои "Ал-Васл"-и Амороти Муттаҳидаи Араб ва "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ дар варзишгоҳи "Забил"-и Дубай   бо ҳисоби 4-0 ба нафъи меҳмонон анҷом ёфт.
Лигаи қаҳрамонҳои КФО. Чорякфинал. Бозии аввал
19 апрели соли 2026, якшанбе. 19:00 ДШБ
“Ал-Васл” (Дубай, Амороти Муттаҳидаи Араб) 0:4 “Ал-Наср” (Риёз, Арабистони Саудӣ)
0:1 Роналду – 11' 0:2 Мартинес – 24' 0:3 Ал-Амрӣ – 26' 0:4 Мане – 80'
Ҳамлагари меҳмонон Криштиану Роналду дар дақиқаи 11-уми бозӣ ба кушодани ҳисоб даст ёфт. Ҳимоятгар Инйиго Мартинес дар дақиқаи 24-ум бартарии “Ал-Наср”-ро дучанд намуд. Дар дақиқаи 26-ум Абдуллоҳ Ал-Амрӣ ҳисобро 3-0 намуд. Ҳамлагар Садио Мане дар дақиқаи 80-ум ҳисобро ба 4-0 расонид.
Криштиану Роналду аз 969-умин голи хеш дар фаъолияти варзишии хеш истиқбол гирифт.
Дар даври ниманиҳоии мусобиқа “Ал-Наср” бо ғолиби бозии “Ал-Аҳлӣ” ва “Ал-Ҳусейн” рӯбарӯ хоҳад шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив