Бозӣ байни дастаҳои “Ал-Наср” ва “Ал-Иттифоқ” дар даври 29-уми Лигаи касбии Арабистони Саудӣ 2025/26 дар варзишгоҳи Ал-Аввал Парки шаҳри Риёз, Арабистони Саудӣ бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 1-0 хотима ёфт.
Арабистони Саудӣ – Про-лига. Даври 29-ум
15 апрели соли 2026, чоршанбе. 23:00 ДШБ
“Ал-Наср” (Риёз) 1:0 “Ал-Иттифоқ” (Даммом)
1:0 Коман – 31'
Корти сурх: Хендри – 90+5'
Голи ягонаи бозиро дар дақиқаи 31-ум ҳамлагари фаронсавии бошгоҳи “Ал-Наср” Кингсли Коман ба самар расонид. Дар дақиқаи 90+5 ҳимоятгари меҳмонон Ҷек Хендри корти сурх гирифт. Ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду бошад дар дақиқаи 89-ум иваз карда шуд.
"Ал-Наср" дар зинаи аввали ҷадвали Про-Лигаи Арабистони Саудӣ ҷойгир буда, тими Жорже Жезус пешсафии худро аз рақиби наздиктарини худ "Ал-Ҳилол" ба ҳашт хол расонд. "Ал-Иттифоқ" бо 42 имтиёз дар ҷои ҳафтум қарор дорад.
