Бошгоҳи “Арсенал”-и Лондон дар бозии ҷавобии даври чорякфиналии Лигаи Чемпионҳои УЕФА бо “Спортинг” бо ҳисоби 0-0 мусовӣ кард ва пас аз пирӯзӣ бар тими шаҳри Лиссабон бо ҳисоби 1-0 дар бозии нахусти ин марҳила ба даври нимфиналӣ роҳ ёфт. Ин маънои онро дорад, ки "тӯпчиён" бори чорум дар асри 21 ба даври нимфиналии Лигаи Чемпионҳои УЕФА роҳ ёфтанд.
Лигаи Чемпионҳо. Чорякфинал. Бозии ҷавобӣ
16 апрели соли 2026, панҷшанбе. 00:00 ДШБ
“Арсенал” (Лондон, Англия) 0-0 “Спортинг” (Лиссабон, Португалия)
Қаблан "тӯпчиён" дар мавсимҳои 2024/25 ва 2008/09 ба нимфинали мусобиқа роҳ ёфта буданд. Дар мавсими 2005/06 дастаи шаҳри Лондон ба финал баромад ва дар он ҷо аз "Барселона" (1-2) шикаст хӯрда буд.
“Арсенал” барои роҳхат ба финали Лигаи Чемпионҳои мавсими ҷорӣ бо "Атлетико Мадрид" рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии аввал санаи 29-уми апрел дар Мадрид баргузор шуда, рақобати ҷавобӣ рӯзи 5-уми май дар Лондон доир мегардад.
