Бошгоҳи футболи “Бавария”-и Мюнхен бори аввал аз апрели соли 2012 дар майдони худ бар “Реал Мадрид” пирӯз шуд. Бошгоҳи шаҳри Мюнхен дар бозии ҷавобии даври чорякфинали Лигаи Чемпионҳо бо ҳисоби 4-3 пирӯз шуд.
Лигаи Чемпионҳо. Чорякфинал. Бозии ҷавобӣ
16 апрели соли 2026, панҷшанбе. 00:00 ДШБ
“Бавария” (Мюнхен, Олмон) 4:3 “Реал Мадрид” (Мадрид, Испания)
0:1 Гулер – 1' 1:1 Павлович – 6' 1:2 Гулер – 29' 2:2 Кейн – 38' 2:3 Мбаппе – 42' 3:3 Диас – 89' 4:3 Олисе – 90+4'
Корти сурх: Камавинга – 86', Гулер – 90+5'
“Бавария” дар ду бозӣ бо ҳисоби умумии 6:4 пирӯз шуда ба даври нимфиналии мусобиқа роҳ ёфт. Бошгоҳи шаҳри Мюнхен акнун бо “ПСЖ” рӯбарӯ хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар даври 1/8 ниҳоӣ “Бавария”-и Мюнхен “Аталанта”-ро бо ҳисоби умумии 10-2 шикаст дод.
Дар финали мусобиқа, ки рӯзи 30-юми май дар варзишгоҳи Пушкаш Аренаи шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад. Ғолиби бозии “Бавария” ва “ПСЖ” муқобили ғолиби ҷуфти “Атлетико” ва “Арсенал” рӯбарӯ хоҳад шуд.
