Рӯзи панҷшанбе, 9-уми апрел, се бозии даври чорякфиналии мавсими Лигаи Аврупо 2025/2026 баргузор шуданд.
Натиҷаи бозиҳои Лигаи Аврупо дар рӯзи 9-уми апрел:
“Фрайбург” – “Селта” – 3-0;
“Порту” – “Ноттингем Форест” – 1-1;
“Болоня” – “Астон Вилла” – 1-3.
Бозиҳои ҷавобӣ санаи 16-уми апрел баргузор мешаванд.
Рақобати финалии мавсими ҷории Лигаи Аврупо дар варзишгоҳи “Бешиктош”-и шаҳри Истанбул рӯзи 20-уми майи соли 2026 баргузор мешавад.
Ғолиби феълии мусобиқа бошгоҳи “Тоттенҳэм” аст, ки дар финали мусобиқаи мавсими гузашта “Манчестер Юнайтед”-ро бо ҳисоби 1-0 шикаст дода буд.
