Дарвозабони ботаҷрибаи “Бавария” Мануэл Нойер дар бозии аввали даври чорякфиналии Лигаи Чемпионҳои УЕФА байни дастаҳои “Бавария” ва Реал Мадрид беҳтарин бозигари дидор номида шуд. Дарвозабон нӯҳ сейв анҷом дод ва ин ҳам беҳтарин бозии ӯ дар марҳилаи плей-офф дар Лигаи Чемпионҳо сар аз соли 2017 аст.
Лигаи Чемпионҳо. Чорякфинал. Бозии 1-ум
8 апрели соли 2026, чоршанбе. 00:00 ДШБ
“Реал Мадрид” (Мадрид, Испания) 1:2 “Бавария” (Мюнхен, Олмон)
0:1 Диас – 41' 0:2 Кейн – 46' 1:2 Мбаппе – 74'
Бозии байни дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Бавария” як рӯз пеш, рӯзи 7-уми апрел баргузор шуда, “Бавария” бо ҳисоби 2:1 пирӯзӣ ба даст овард. Ин бозӣ дар варзишгоҳи Сантяго Бернабеуи Мадрид таҳти доварии Майкл Оливер (Ашингтон, Англия) сипарӣ гардид.
Бозии ҷавобӣ байни дастаҳои “Бавария” ва “Реал Мадрид” рӯзи 15-уми апрел дар варзишгоҳи "Арена Мюнхен" баргузор мешавад. Дар даври 1/8 финалӣ "Лос Бланкос" "Манчестер Сити"-ро бо ҳисоби умумии 5-1 шикаст дод. Дар ҳамин марҳилаи мусобиқа дастаи шаҳри Мюнхен "Аталанта"-ро бо ҳисоби умумии 10-2 шикаст дода буд.
