Нашрияи фаронсавии L'Equipe хабар медиҳад, ки ҳимоятгари фаронсавӣ Иброҳим Конате ба тамдиди шартномаи худ бо “Ливерпул” наздик аст.
Ба гуфтаи манбаъ тарафҳо ба бастани шартномаи нави меҳнатӣ наздиканд ва ҳанӯз дар ин маврид ба тафсилоти ниҳоӣ нарасидаанд. Шартномаи кунунии бозигар бо “мерсисайдиҳо” то тобистони оянда мӯҳлат дорад. Гуфта мешавад, ки бозигар умедвор аст, ки ба Ҷоми Ҷаҳон бе ягон савол дар бораи ояндаи худ дар футболи бошгоҳӣ наздик шавад.
“Ливерпул” айни замон бо 49 имтиёз дар зинаи панҷуми ҷадвали Премер-лигаи Англия қарор дорад. Ҳимоягари фаронсавӣ бошад ин мавсим барои соҳиби омори 42 бозӣ ва ду гол аст.
