Дар сурати пайдо шудани пешниҳоди хуб пайдо шавад, “Реал Мадрид” тобистони имсол нимҳимоятгари 23-солааш Эдуардо Камавингаро фурӯхта метавонад, хабар медиҳад нашрияи фаронсавии L'Équipe.
Ба гуфтаи нашрия бошгоҳи шаҳри Мадрид аз нотавонии бозигар дар амалӣ кардани потенсиали пурраи хеш ноумед аст. Бозигари фаронсавӣ дигар аз ҷониби даста вақти фурӯш дастнорас ҳисобида намешавад ва ҳоло ба рафтан аз идомаи фаъолияти худ дар “Реал” наздиктар аст. Эҳтимолтарин варианти фаъолияти минбаъдаи ӯ дар Премер-Лигаи Англия мебошад.
Камавинга моҳи августи соли 2021 бо нархи 40 миллион евро ба “Реал Мадрид” ҳамроҳ шуд ва шартномаи мӯҳлаташ то соли 2027 имзо намуд. Нимҳимоятгар ин мавсим дар ҳамаи мусобиқаҳо 35 бозӣ карда, дар номаш ду гол ва як партофти голбахш дорад.
