LIVE

“Кристал Пэлас” аллакай ният надорад, ки бо Ираола ҳамкорӣ намояд

Бошгоҳи футболи “Кристал Пэлас” умеди ҷалби сармураббии “Борнмут” Андони Ираоларо аз даст додааст, хабар медиҳад Sку Sports.
Бошгоҳи шаҳри Лондон дар аввал Ираоларо барои иваз кардани Оливер Гласнер, ки пас аз ба охир расидани мӯҳлати шартнома бо анҷоми мавсими ҷорӣ аз Селхерст Парк меравад, ҳамчун номзади афзалиятноки худ медид. Шартномаи Ираола низ дар охири мавсим ба охир мерасад, аммо “Кристал Пэлас” умедашро аз даст додааст, зеро гуфта мешавад, ки Ираола ба имзои шартномаи нав бо “Борнмут” майл  дорад. Ӯ инчунин интихоби “Атлетик Билбао”-ро рад кардааст, ки пас аз эълони рафтани Эрнесто Валверде онҷо низ вазифаи сармураббигӣ дар охири мавсим холӣ мешавад.
Андони қарори худро пас аз анҷоми мавсим қабул хоҳад кард — танҳо пешниҳод аз як бошгоҳи воқеан бузург метавонад фикри ӯро тағйир диҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив