Бозиҳои марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи чемпионҳо ба анҷом расиданд. Дар натиҷа 8 дастаи беҳтарин ба марҳилаи чаҳорякниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд.
Дастаи “Барселона” баъди пирӯзии бузург бар “Нюкасл Юнайтед” бо ҳисоби 7:2 ба марҳилаи навбатӣ роҳ ёфт. “Ливерпул” пас аз бохти бозии аввал бо ҳисоби 0 бар 1 дар дидори ҷавобӣ “Галатасарай”-ро бо ҳисоби 4 бар 0 шикаст дод.
Ҳамчунин, “Атлетико Мадрид” аз рӯи натиҷаи умумии ду бозӣ бар “Тоттенхэм” ғолиб баромад (5:2, 2:3). “Бавария” низ бо пирӯзиҳои бузург бар “Аталанта” (6:1, 4:1) ба ҳаштгонаи беҳтарин шомил шуд.
Пештар ба ин марҳила дастаҳои “Реал Мадрид”, “Спортинг”, “Арсенал” ва “ПСЖ” роҳ ёфта буданд.
Ҷуфтҳои даври чорякниҳоӣ чунинанд:
“Спортинг” — “Арсенал”
“Реал Мадрид” — “Бавария”
“ПСЖ” — “Ливерпул”
“Барселона” — “Атлетико Мадрид”
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои аввали даври чаҳорякниҳоӣ 7 апрел баргузор мешаванд. Финали мусобиқа рӯзи 30-юми май дар варзишгоҳи “Пушкаш Арена” шаҳри Будапешти Маҷористон доир мегардад.
