LIVE

“Барселона” ба дарвозаи “Нюкасл” 7 гол зада, ба даври ¼-ниҳоӣ баромад

Дар бозии ҷавобии марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи чемпионҳо дастаҳои “Барселона” ва “Нюкасл Юнайтед” ба ҳам омаданд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Камп Ноу”-и шаҳри Барселона баргузор шуда, бо пирӯзии бузурги мизбонон бо ҳисоби 7:2 анҷом ёфт.

Ҳисобро дар дақиқаи 6-ум ҳамлагари каталониҳо Рафиня кушод. Дар дақиқаи 15-ум форварди меҳмонон Энтони Эланга ҳисобро баробар кард. Баъдан, Марк Бернал дар дақиқаи 18-ум “Барселона”-ро боз ба пеш баровард. Дар идомаи нимаи аввал Эланга дар дақиқаи 28-ум дубл карда, бозиро мусовӣ намуд. Дар идома, дар дақиқаи 45+7-ум Ламин Ямал аз пеналти гол зада, натиҷаро 3:2 кард.

Дар қисми дуюми бозӣ бартарии “Барселона” комилан эҳсос шуд. Фермин Лопес дар дақиқаи 52-юм голи чорумро зад. Сипас, Роберт Левандовски дар дақиқаҳои 56 ва 61 дубл карда, ҳисобро бузургтар намуд. Рафиня дар дақиқаи 72-юм голи ҳафтуми дастаашро ба самар расонд. Дар дақиқаи 82-юм дарвозабон Жоан Гарсия бинобар ҷароҳат майдонро тарк кард ва ба ҷояш Войтсех Шенсни вориди бозӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки бозии аввал байни дастаҳо бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфта буд. Бо ин натиҷа, “Барселона” бо ҳисоби умумии 8:3 ғолиб омада, ба даври чорякниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи плей-офф “Нюкасл” қаблан “Қарабоғ”-ро бо ҳисоби умумии 9:3 мағлуб карда буд. “Барселона” бошад, дар марҳилаи гурӯҳӣ бо 16 имтиёз ҷойи панҷумро касб намуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив