LIVE

 “Истиқлол” ду бозигари мунтахаби футзали Тоҷикистонро ба ҳайаташ ҷалб кард

Дастаи футзали “Истиқлол” пеш аз оғози мавсими нави мусобиқаҳо ҳайати худро бо ду бозигари мунтахаби кишвар пурқувват намуд. Клуб бо футболбозони мунтахаби Тоҷикистон Дилшод Саломов ва Умед Кузиев шартнома ба имзо расонд.

Дилшод Саломов, ки сарвони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон мебошад, қаблан дар ҳайати “Соро компания” бозӣ мекард. Ӯ яке аз бозигарони ботаҷрибаи футзали кишвар ба ҳисоб рафта, дар мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ таҷрибаи хуб дорад.

Ҳамзамон, бозигари дигари мунтахаби кишвар Умед Кузиев низ ба “Истиқлол” гузашт. Ӯ то ин дам шарафи дастаи “Амонатбонк”-ро ҳимоя мекард ва бо бозии устувору фаъолаш дар чемпионати кишвар шинохта шудааст.

Бояд гуфт, ки ҷалби ин ду бозигар аввалин трансферҳои дастаи “Истиқлол” пеш аз оғози мавсими нави футзал ба ҳисоб меравад. Интизор меравад, ки пайвастани Саломов ва Кузиев ба даста имкониятҳои тактикии “Истиқлол”-ро бештар карда, рақобатро дар ҳайат пурзӯр намояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив