LIVE

Қуръакашии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Аврупо 2025/2026 муайян шуд

Бозиҳои даври плей-оффи Лигаи Аврупо 2025/2026 ба анҷом расиданд ва қуръакашии даври 1/8 ниҳоии мусобиқаи бошгоҳии аврупоиро муайян кард.
Лигаи Аврупо. Қуръакашии даври 1/8 ниҳоӣ:
“Лилл” – “Астон Вилла”/”Лион”;
“Панатинаикос” – “Мидтюлланд”/”Бетис”;
“Штутгарт” – “Брага”/”Порту”;
“Ференсварош” – “Порту”/”Брага”;
“Генк” – “Фрайбург”/”Рома”;
“Ноттингем Форест” – “Мидтюлланд”/”Бетис”;
“Болоня” – “Фрайбург”/”Рома”;
“Селта” – “Лион”/”Астон Вилла”.
Қуръакашии бозиҳои даври 1/8 ниҳоии Лигаи Аврупо имрӯз, санаи 27-уми феврал дар шаҳри Нйони кишвари Шветсария соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Бозиҳои даври 1/8 ниҳоӣ  рӯзҳои 12 ва 19 марти соли 2026 ба нақша гирифта шудаанд. Финали Лигаи Аврупои мавсими ҷорӣ дар варзишгоҳи Бешикташи Истамбул рӯзи 20 майи соли 2026 баргузор мешавад.
Қаҳрамонони феълӣ дастаи "Тоттенҳэм Ҳотспур" мебошанд, ки дар финали соли гузашта "Манчестер Юнайтед"-ро бо ҳисоби 1-0 шикаст дода буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив