LIVE

“Барселона” аз фурӯши Ямал бар ивази 250 млн евро даст кашидааст

Президенти бошгоҳи “Барселона” Жоан Лапорта шарҳ дод, ки чӣ гуна “Пари Сен-Жермен” кӯшиш кардааст, ки Ламин Ямалро аз дастаи  каталонӣ харидорӣ кунад. Қаблан хабарҳои расонаҳо  оиди таваҷҷӯҳи бошгоҳи фаронсавӣ нисбати  бозигари ҷавони испанӣ зиёд буд.
"ПСЖ ду сол пеш барои Ламин Ямал ба мо 250 миллион евро пешниҳод кард. Мо ӯро рад кардем. Ӯ 17-сола буд - баъзеҳо фикр мекарданд, ки мо девонаем!"- иқтибос овардааст аз суханони Лапорта рӯзноманигор Фабрисио Романо бо такя ба маълумоти расонаи хабарии футбол Jijantes FC.
Ламин Ямал аз моҳи апрели соли 2023 дар ҳайати асосии бошгоҳи “Барселона” бозӣ мекунад. Бозигари ҷавони испанӣ дар синни 15 солагиву 290 рӯзагии хеш бозии нахусти хешро дар сафи “блаугранас” анҷом дод. Ҳамлагар ин мавсим дар 33 бозӣ дар ҳама мусобиқаҳо ширкат карда, ба задани 15 гол 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив