LIVE

“Селта” дар сафар бар ПАОК пирӯз шуда тавонист

Бозии аввали даври плей-оффи Лигаи Аврупо миёни дастаҳои ПАОК-и Юнон ва “Селта”-и Испания баргузор гардид. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Тумба”-и шаҳри Салоникии Юнон доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи “Селта” анҷом ёфт. Довари асосии бозӣ Иван Кружляки словакӣ буд.
Голи аввалро дар дақиқаи 34-ум ҳамлагари “Селта” Яго Аспас ба самар расонд. Дар дақиқаи 43-юм нимҳимоятгар Виллиот Сведберг голи дуюми “Селта”-ро зад. Дар дақиқаи 77-ум ҳамлагари шведӣ Александр Еремеев ягона голи ПАОК-ро ба ҳадаф расонид.
Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳо рӯзи панҷшанбеи 26-уми феврал, дар варзишгоҳи “Абанка Балаидос”-и шаҳри Вигои Испания баргузор мешавад. Пас аз марҳилаи умумии мусобиқа ПАОК бо 12 имтиёз дар ҷойи 17-ум қарор гирифт, “Селта” бо 13 имтиёз зинаи 16-умро ишғол намуд.
Ёдовар мешавем, ки финали мавсими ҷории Лигаи Аврупо дар варзишгоҳи Бешикташи шаҳри Истанбул рӯзи 20-уми май баргузор мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив