Бошгоҳи футболи «Хуҷанд» ҳайати худро бо ҳамлагари фаронсавӣ Рашад Муҳаммад тақвият дод. Дар ин бора хадамоти матбуотии клуб хабар дод.
Тибқи иттилои расмӣ, миёни ҷонибҳо шартнома то поёни мавсими соли 2026 ба имзо расидааст. Интизор меравад, ки ҳамлагари нав ба сафи даста неру ва рақобати бештар ворид намуда, хатти ҳамларо муассиртар гардонад.
Рашад Муҳаммад тарбиятёфтаи академияи футболи ПСЖ буда, дар фаъолияти касбиаш таҷрибаи бозӣ дар чемпионатҳои Белгия, Норвегия ва Туркияро дорад. Ӯ бо суръати баланд, техникаи хуби инфиродӣ ва ҳисси баланди голзанӣ фарқ мекунад. Маҳз ҳамин сифатҳо метавонанд ба “Хуҷанд” дар расидан ба ҳадафҳои мавсимӣ кумак расонанд.
Роҳбарият ва мухлисони даста аз ҳамлагари фаронсавӣ интизори бозиҳои дурахшон ва голҳои ҳалкунанда доранд. Бошгоҳ ба Рашад Муҳаммад дар ҳайати «Хуҷанд» барори кор, саломатӣ ва муваффақиятҳои нав орзу менамояд.
