Бозии дуюми даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё байни бошгоҳҳои "Ал Наср"-и Арабистони Саудӣ ва "Арқадоғ"-и Туркманистон дар майдони "Кингдом Арена"-и дар Риёз, Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 1-0 ба нафъи мизбонон хотима ёфт.
Лигаи қаҳрамонҳои КФО - 2. 1/8 ниҳоӣ. Бозии 2-юм
Чоршанбе, 18 феврали соли 2026. Соати 23:15 ДШБ
“Ал Наср” (Риёз, Арабистони Саудӣ) 1:0 “Арқадоғ” (Арқадоғ, Туркманистон)
1:0 Ғариб – 2'
Корти сурх: Аннагулиев – 90+1'
Голи ягонаи бозӣ дар дақиқаи дуюм аз ҷониби ҳамлагари бошгоҳи Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон Ғариб зада шуд. Ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду дар ин рақобат иштирок надошт. Дар ҳайати асосии дастаи "Ал Наср" танҳо ду бозигари хориҷӣ буданд: Иниго Мартинес аз Испания ва Габриэл Анҷелои бразилӣ.
Бозии аввал байни дастаҳо рӯзи чоршанбе, 11-уми феврал баргузор шуд ва бо пирӯзии 1-0 ба нафъи саудиён ба анҷом расид. Ҳамин тариқ, бошгоҳи "Ал Наср" ба чорякфинали Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё роҳ ёфт.
