LIVE

Чор голи Гордон пирӯзии бузурги "Нюкасл"-ро зидди "Қарабоғ" таъмин кард

Бозии аввали даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳои мавсими 2025/26 байни бошгоҳҳои "Қарабоғ" ва "Нюкасл Юнайтед"   дар варзишгоҳи Тофик Баҳромови шаҳри Боку бо ҳисоби 6-1 ба нафъи меҳмонон анҷом ёфт. 
Лигаи Чемпионҳо. Плей-офф. Бозии 1-ум
Чоршанбе, 18 феврали соли 2026. 22:45 ДШБ
“Қарабоғ” (Ағдам, Озарбойҷон) 1:6 “Нюкасл Юнайтед” (Нюкасл-апон-Тайн, Англия)
0:1 Гордон – 3' 0:2 Тшау – 8' 0:3 Гордон – 32' 0:4 Гордон – 33' 0:5 Гордон – 45+1' 1:5 Ҷаъфаргулиев – 54' 1:6 Мерфи – 72'
Энтони Гордон дар дақиқаи сеюм ҳисобро кушода, меҳмононро ба пеш баровард. Дар дақиқаи нӯҳум Малик Тшау бартарии дастаи англисиро дучанд намуд. Гордон дар дақиқаи 32-юм голи дуюми хешро аз зарбаи пеналти ба самар расонид, дар ҳоле, ки дар дақиқаи 34-ум ин бозигар ба задани се гол даст ёфт. Дар дақиқаи 45+1-ум бошад Энтони Гордон боз аз пеналтӣ як голи дигар зада, аллакай муаллифи чор гол дар ин бозӣ шуд. Алвин Ҷаъфаргулиев аз дастаи мизбонон дар дақиқаи 56-ум тавонист, ки як голи ҷавобӣ ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаи 72-юм Ҷейкоб Мерфи шашумин голи меҳмононро дар ин бозӣ зад ва ҳамин тариқ бозӣ бо ҳисоби бузурги 6-1 хотима ёфт.
Бозии ҷавобӣ байни “Нюкасл Юнайтед” ва “Қарабоғ” рӯзи 24-уми феврал дар варзишгоҳи Сент-Ҷеймс Парк (Нюкасл-апон-Тайн) баргузор мешавад.
Дастаи кишвари Озарбойҷон дар Лигаи Чемпионҳо дар маҷмӯъ 10 имтиёз ба даст овард ва дар ҷои 22-юм қарор гирифта буд. Бошгоҳи англисӣ бошад бо 14 имтиёз дар зинаи 12-ум ҷойгузин шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив