LIVE

Осимхен оиди сабабҳои рафтанаш аз “Наполи” сухан кард

Ҳамлагари бошгоҳи "Галатасарой" Виктор Осимхен дар бораи низоъи худ бо “Наполи” ва гузаришаш ба тими нав шарҳ дод. Муносибатҳо байни бозигар ва бошгоҳ пас аз нашри видеои ҳазломез дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар он Осимхен ҳамчун кокос тасвир шудааст ва бисёриҳо онро масхара меҳисобиданд, бадтар шуданд.
"Ҳеҷ кас барои он чизе, ки рӯй дод, ошкоро узр напурсид. Ва овозаҳо буданд, ки ман ба машқ дер кардам, гӯё бо ҳамдастаҳоям муноқиша кардам... Ҳамааш дурӯғ аст. Нисбати мухлисон афсӯс мехӯрам, аммо онҳоро мефаҳмам ва қадр мекунам: онҳо ҳамеша бошгоҳро дастгирӣ мекунанд. Барои онҳо “Наполи” дар ҷои аввал аст.
Мо бо бошгоҳ созишномае доштем, ки тариқи он метавонам тобистони оянда равам, аммо тарафи дигар ба ваъдаи худ пурра вафо накард.  Онҳо кӯшиш карданд, ки маро ба ҳар ҷое, ки бозӣ кунам, фиристанд ва бо ман мисли саг муносибат карданд: ин ҷо рав, он ҷо рав, ин корро кун, он корро кун... Барои такмили маҳорати касбӣ чунон сахт меҳнат кардам, ки наметавонистам чунин муносибатро қабул кунам. Ман пиноккио нестам», - иқтибос меорад La Gazzetta dello Sport аз суханони Осимхен.
31 июли соли 2025 бошгоҳи “Галатасарой” оиди гузариши доимии Виктор Осимхен  аз “Наполи” эълон кард ва бо ӯ шартномаи чорсола ба имзо расонид. Нархи гузариши ҳамлавари нигериявӣ 75 миллион евроро ташкил дод, ки ин ҳам нишондоди рекорди ҳама давру замон барои Суперлигаи Туркия мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив