Журналисти маъруфи олмонӣ Флориан Плеттенберг дар саҳифаи хеш дар шабакаҳои иҷтимоии X эълон кардааст, ки “Арсенал”-и Лондон барои харидории нимҳимоятгари "Нюкасл Юнайтед" Сандро Тоналӣ талошҳоро дар пеш мегузорад. Ба гуфтаи манбаъ "тӯпчиён" аллакай пешниҳоди аввалияро барои нимҳимоятгар ирсол кардаанд, аммо "зоғон" онро рад карданд.
Тонали тобистони соли 2023 ба сафи "Нюкасл" ҳамроҳ шуд. Ин мавсим бозигари итолиёвӣ 35 бозӣ дар сафи бошгоҳ анҷом дода, панҷ паси голӣ додааст. Шартномаи кунунии нимҳимоятгар бо "Нюкасл" то охири моҳи июни соли 2028 эътибор дорад.
Тибқи фарзияи сомонаи бонуфузи Transfermarkt арзиши бозории Сандро Тоналиро 75 миллион евроро ташкил медиҳад.
