LIVE

Дастаи заифи мавсим "ПСЖ"-ро шикаст дод

Дар бозии даври 12-уми Лигаи 1 Фаронса дастаи "Пари Сен-Жермен" дар сафар аз аутсайдери мусобиқа "Дижон" мағлуб шуд. Муаллифи голи аввал Клиан Мбаппе шуд, ки дар дақиқаи 19-ум тӯбро ба дарвозаи мизбонон равон кард. Пеш аз танаффус ниммуҳофизатгари "Дижон" Мунир Шуиар ҳисобро баробар карда, дар оғози қисми дуюм футболбози венесуелагӣ Хонер Кадис нуқтаи охирро дар ин бозӣ гузошт. Новобаста аз бохт дастаи "ПСЖ" дар мақоми аввали ҷадвал бо касби 27 имтиёз қарор дорад. Дастаи "Дижон" баъди ин ғалаба аз мақоми 20-ум ба зинаи 18-ум баромад.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив