Қуръакашии марҳилаи плей-оффи Лигаи Аврупо 2025/2026 баргузор шуд.
Ҷуфти бозиҳои марҳилаи плей-оффи Лигаи Аврупо 2025/2026 инҳоянд:
ПАОК (Юнон) – “Селта Виго” (Испания);
“Фенербахче” (Туркия) – “Ноттингем Форест” (Англия);
“Панатинаикос” (Юнон) – “Виктория Плзен” (Чехия);
“Лилл” (Фаронса) – “Срвена Звезда” (Сербия);
“Селтик” (Шотландия) – “Штутгарт” (Олмон);
“Лудогорес” (Булғористон) - Ференсварош (Маҷористон);
“Динамо Загреб” (Хорватия) – “Генк” (Белгия);
“Бранн” (Норвегия) – “Болоня” (Италия).
Бозиҳои аввал 19-уми феврал ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 26-уми феврал баргузор мешаванд. Дастаҳои сарчиншуда одатан бозиҳои ҷавобиро дар хона доир мекунанд. Ғолибони даври плей-офф ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ меёбанд, ки дар он онҳо бо ҳашт клуби беҳтарини ҷадвали умумӣ бозӣ мекунанд. Қуръакашии ин марҳила рӯзи 27-уми феврал ба нақша гирифта шудааст.
