Маросими қуръакашии марҳилаи бозиҳои гузаришии (плей-оффи интихобӣ) Лигаи чемпионҳои Аврупо дар мавсими 2025/2026 баргузор гардид ва ҷуфтҳои рақобат муайян шуданд.
Ҷуфтҳои бозиҳои гузаришӣ:
«Боруссия» -и Дортмунд (Олмон) — «Аталанта» (Италия);
«Олимпиакос» (Юнон) — «Байер» (Олмон);
«Брюгге» (Белгия) — «Атлетико Мадрид» (Испания);
«Галатасарой» (Туркия) — «Ювентус» (Италия);
«Монако» (Фаронса) — «Пари Сен-Жермен» (Фаронса);
«Қарабоғ» (Озарбойҷон) — «Нюкасл Юнайтед» (Англия);
«Буде/Глимт» (Норвегия) — «Интер» (Италия);
«Бенфика» (Португалия) — «Реал Мадрид» (Испания).
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои аввал рӯзҳои 17 ва 18-уми феврал, вохӯриҳои ҷавобӣ рӯзҳои 24 ва 25-уми феврал баргузор мегарданд.
Ғолибони ин марҳила ба даври 1/8 финал роҳ меёбанд ва дар он ҷо бо ҳашт дастаи беҳтарини марҳилаи умумӣ рақобат хоҳанд кард. Қуръакашии даври 1/8 финал рӯзи 27-уми феврал дар назар аст.
