LIVE

“Истиқлол” бо Камолафе шартномаро тамдид накард

Қарордоди ҳамкории тими “Истиқлол” бо ҳамлагар аз Нигерия - Шон Пол Камолафе ба поён расид. Тими “Истиқлол” тасмим гирифт, ки шартномаи меҳнатии анҷомёфтаро бо ҳамлагар Пол Камолафе тамдид нанамояд. Дар ин бора дафтари матбуотии тими “Истиқлол” хабар дод.
Бо ҳамин тартиб, футболбоз агенти озод гардида, фаъолияташро дар тими дигар идома медиҳад. Камолафе тобистони соли гузашта аз “Хуҷанд” ба “Истиқлол” гузашта, дар 15 бозӣ ба задани 8 гол даст ёфта буд.
Дар поёни мавсим Шон Поул Камолафе аз ҳайати "Хуҷанд" ва "Истиқлол" бо 12 гол беҳтарин нишонзани Лигаи олии футболи Тоҷикистон дониста шуд.
“Дастаи “Истиқлол” ба Пол Камолафе изҳори миннатдорӣ намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш муваффақиятҳои навро таманно менамояд.” – омадааст, дар изҳороти бошгоҳи шаҳри Душанбе.
Қаблан, ҳимоятгари нигериягӣ Ҷозеф Окоро, ду нимҳимоятгари эронӣ Ризо Деҳқонӣ , Сиёваш Ҳақназарӣ, дарвозабони сербӣ Никола Стошич, дифоъгари ӯзбек Марлен Чобанов, ниммуҳофизатгари тоҷик Эҳсони Панҷшанбе, ҳимоятгари албанӣ Рудолф Туркай ва дифоъгари тоҷик Аҳтам Назаров тарки “Истиқлол” намуда буданд.
Ҳамчунин, шартномаи ҳамкорӣ бо ҳамлагар Рустам Соиров барои ду сол, ҳимоятгар Манучеҳр Сафаров то охири мавсим ва нимҳимоятгар Амирбек Ҷӯрабоев то охири мавсим тамдид шуда буд.
Ҳимоятгари мунтахаби миллии Тоҷикистон Алиҷон Кароматуллозода ба ҳайати “Истиқлол” гузашта, 2 сол шартномаи ҳамкорӣ имзо намуд. Инчунин, “Истиқлол” бо ҳамлагари украинӣ Дмитро Билоног ба муддати як сол шартномаи ҳамкорӣ имзо кард.
Мавриди зикр аст, ки қаблан “Истиқлол” шартномаро бо сармураббии тим Игор Черевченко тамдид накарда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив