Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба шаҳри Гоа сафар кард, ки онҷо таҳти роҳбарии Далер Каёсов ҷиҳати омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 машқҳои дастаҷамъӣ мегузаронад.
Дар доираи ин ҷамъомад наврасони мо бо ҳамтоёни ҳиндуи худ ду рақобати санҷишӣ анҷом медиҳанд. Ин вохӯриҳо 29 –уми январ ва 1-уми феврал ба нақша гирифта шудаанд.
Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 рӯзи 12-уми феврал ҳангоми қуръакашии расмии мусобиқа муайян мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи январи соли равон дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Далер Қаёсов дар шаҳри Дубай бозиҳои санҷишӣ анҷом дод. Дар бозии аввалини дӯстона дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) тими Арабистони Саудиро мағлуб кард (1:1, дар силсилаи зарбаҳои пеналтӣ – 10:9). Меҳрубон Одилзода аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон гол зад.
Дар бозии охири санҷишӣ дастаи мо бо мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб рақобат карда, бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро бозигари дастаи «Барқчӣ» Муҳаммад Мираҳмадов ба самар расонд.
