LIVE

Винисиус боз ҳам нияти аз “Реал Мадрид” рафтан кардааст

Ҳамлагари бошгоҳи мадридии “Реал” Винисиус Жуниор ба роҳбарияти тими шоҳона хабар додааст, ки омода аст клубро тарк кунад.
Бино ба маълумоти гуфтаи El Nacional футболбози бразилӣ ният дорад, ки агар тамдиди шартномааш то моҳи апрел ҳал нашавад, дастаро тарк мекунад.
Ба гуфтаи манбаъ ПСЖ нисбати ин бозигари 25-сола таваҷҷӯҳи фаъол зоҳир мекунад.
Винисиус соли 2018 аз “Фламенго” ба “Реал Мадрид” бо нархи 45 миллион евро пайваст. Ин мавсим ӯ дар сафи “Лос Бланкос” 31 бозӣ анҷом дода, ҳафт гол ва 11 партофти головар дар номаш дорад. Шартномаи кунунии Винисиус бо “Реал Мадрид” то тобистони соли 2027 эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив