Бисёре аз агентҳои футболӣ нисбати ҳамлагари “Арсенал” Габриэл Мартинелли таваҷҷӯҳ доранд ва ӯро ҳам ”Лос-бланкос” чун ивазкунандаи эҳтимолии Винисиус Жуниор пешниҳод мекунанд, иттилоъ медиҳад нашрияи Defensa Central.
Ба гуфтаи манбаъ маблағи эҳтимолии гузариши ин бозигари 24-сола метавонад тақрибан 100 миллион евро бошад, гарчанде ки арзиши ниҳоӣ метавонад камтар бошад. Мартинелли пас аз ҳафт сол будани дар сафи тими шаҳри Лондон тарк кардани онро истисно намекунад.
Ин мавсим ҳамлагари “Арсенал” дар 25 бозии ҳамаи мусобиқаҳо ширкат карда, нӯҳ гол ва як паси голӣ ба омор гирифтааст. Мӯҳлати шартномаи феълии бозигар бо бошгоҳи лондонӣ то тобистони соли 2027 мебошад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории Мартинелли 45 миллион евро аст.
