Президенти бошгоҳи “Реал Мадрид” Флорентино Перес мехоҳад ҳамлагари “Манчестер Сити” Эрлинг Ҳоландро ба даст орад, хабар медиҳад Sky Sport Germany.
Ба гуфтаи манбаъ ин созишнома метавонад аллакай тобистони имсол ба имзо расад. Тамос бо дастаи Ҳоланд ва агенти ӯ Рафаэла Пимента ҳанӯз ҳам идома дорад.
Ҳоланд чун мухлиси ашаддии бошгоҳи испанӣ боқӣ мемонад ва “Реал Мадрид”-ро ҳадафи асосии касбии худ мешуморад. Аммо имзо кардани созишнома душвор хоҳад буд, махсусан вобаста ба он, ки мӯҳлати шартномаи ӯ бо Манчестер Сити то соли 2034 мебошад.
Ҳоланд аз соли 2022 дар “Манчестер Сити” бозӣ мекунад. Ин мавсим ӯ дар ҳамаи мусобиқаҳо 29 бозӣ гузаронида, 26 гол ва чор партофти головар ба омор гирифтааст.
