LIVE

“Ал-Наср” дар Про-Лигаи саудӣ аз “Ал-Ҳилол” мағлуб шуд

Бозӣ  байни дастаҳои “Ал-Ҳилол” ва “Ал-Наср” дар даври 15-уми мавсими ҷории Про-Лигаи Саудӣ 2025/26  дар варзишгоҳи Kingdom Arena (Риёз, Арабистони Саудӣ)  бо ҳисоби 3-1 бо пирӯзии мизбонон хотима ёфт.
Про –лига. Арабистони Саудӣ. Даври 15-ум
12 январи соли 2026, душанбе. 20:30 ДШБ
“Ал-Ҳилол” (Риёз) 3:1 “Ал-Наср” (Риёз)
0:1 Роналду – 42' 1:1 Ал-Давсарӣ – 57' 2:1 Канно – 81' 3:1 Невеш – 90+2'
Корти сурх:   Ал-Ақидӣ – 60'
Ҳамлагари “Ал-Наср” Криштиану Роналду дар дақиқаи 42-юм голи аввали бозиро ба самар расонид. Нимҳимоятгар Салем Ал-Давсарӣ дар дақиқаи 57-ум аз зарбаи пеналтӣ ҳисобро баробар кард. Дарвозабони “Ал-Наср” Навоф Ал-Ақидӣ дар дақиқаи 60-ум аз майдон хориҷ карда шуд ва Муҳаммад Канно дар дақиқаи 81-ум голи дуюми меҳмононро зад. Голи охирини бозиро Рубен Невеш аз “Ал-Ҳилол” дар дақиқаи 90+2-юм ба ҳадаф расонид.
Пас аз 14 бозӣ дар Про-Лигаи Арабистони Саудӣ "Ал-Ҳилол" 38 имтиёз дорад ва пешсафи ҷадвал аст. "Ал-Наср" бо 31 имтиёз дар ҷои дуюм қарор дорад.
Дар даври оянда "Ал-Ҳилол" рӯзи 18-уми январ дар сафар бо "Неом" рӯбарӯ мешавад, дар ҳоле ки "Ал-Наср" як рӯз пеш аз он дар майдони худ "Ал-Шабоб"-ро қабул мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив