LIVE

Бохти бузурги наврасони мо аз Испания

Футболбозони ҷавони тоҷик имрӯз, бозии дуюми марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2019-ро ба муқобили яке аз тимҳои пурқуввати сайёра Испания баргузор намуданд. Дар ин майдондорӣ футболбозони тоҷик аз тими рақиб бо ҳисоби калони 5:1 шикаст хурданд. Бо футболбозони “Барселона”, “Реал”, “Атлетико”, “Ювентус” ва “Монако” рақобат кардан барои футболбозони ҷавони тоҷик хеше душвор аст. Ин рақобат барои футболбозони тоҷик як имтиҳони бузурге буд. Рақобати дигари гурӯҳи “Е” байни дастаҳои Камерун ва Аргентина баргузор мешавад. Дар айни ҳол яккачни Испания бо касби 4 хол дар зинаи якум ва мунтахаби Тоҷикистон бо дарёфти 3 имтиёз дар зинаи дуюм қарор доранд. То ҳол аз гурӯҳи “Е” ба даври плей-офф ягон мунтахаб роҳ наёфтааст. Тақдири баромадани мунтахабҳо аз ин гурӯҳ танҳо дар даври охир муайян мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон низ барои роҳ ёфтан ба даври 1/8 ниҳоӣ имкони хуб дорад. Дар бозии сеюми гурӯҳ футболбозони меҳан санаи 4-уми ноябр соати 01:00 бо вақти Душанбе бо тими миллии Аргентина рақобат мекунанд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив