LIVE

Хуан Кортеси испанӣ ба ҳайси сармураббии нави КМВА таъин шуд

Мутахассиси испанӣ Хуан Кортес ба ҳайси сармураббии дастаи футболи КМВА таъйин шуд. Дар ин бора расман дафтари матбуотии тими шаҳри Душанбе хабар дод.
Яке аз беҳтарин мураббиёни Салвадор пешниҳоди Боливияро рад карда, Тоҷикистонро интихоб намуд.
Мутахассиси 42 солаи испанӣ Хуан Кортес номашро дар чемпионати Салвадор машҳур кард. Гарчанде лига аз лиҳози сатҳ чандон қавӣ нест (миёнаҳол дар минтақаи КОНКАКАФ), аммо барои як мутахассиси ҷавон бо дастае, ки аз довталабони асосӣ маҳсуб намешуд, ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ (аввалин қаҳрамонӣ дар таърихи «Онсе Депортиво») дастоварди хеле арзишманд ба ҳисоб меравад. Ҳамон сол Хуан Кортес беҳтарин мураббии лига эътироф шуд.
Пас аз ин ба ӯ роҳбарии клубҳои пурқуввати кишвар, аз ҷумла “Алянса”, бовар карда шуд. Гарчанде Кортесро як моҳ пеш аз анҷоми мавсим аз вазифа сабукдӯш карданд, даста дар ниҳоят қаҳрамон шуд.
Ҳамчунин Кортес дар чемпионатҳои нисбатан қавитари Гватемала ва Гондурас фаъолият кардааст. Баъдан ба Салвадор баргашта, тими “Платенсе”-ро аз поёнравӣ наҷот дод.
Соли 2024 ба Кортес роҳбарии тими ҷавонони Салвадор (U-20) бовар карда шуд. Ӯ дастаро ба Ҷоми КОНКАКАФ U-20 роҳнамоӣ намуд. Дар худи мусобиқа салвадориҳо дар бозии аввал Ҷумҳурии Доминиканро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карданд, аммо сипас аз Ҳондурас (1:4) ва Канада (1:2) шикаст хӯрданд. Ҳамзамон Кортес ёвари сармураббии тими миллии Салвадор Донига буд. Ситоди мураббиён тими миллиро ба Gold Cup-2025 баровард ва роҳхат ба Лигаи A-и Лигаи миллатҳои КОНКАКАФ гирифт.
Дар оғози соли 2025 ба Кортес пешниҳоди ҷолиб аз Боливия расид, ки сатҳи тамоман дигар аст. Мутахассиси испанӣ клуби “Томаяпо”-ро қабул кард. Вазифа “аз нав сохтани” даста ва ҳифзи ҷой дар лигаи олӣ буд. Кортес бо ин вазифа муваффақона баромад ва даста мавсимро дар миёнаи ҷадвали мусобиқа анҷом дод. Бо вуҷуди ин, моҳи январ худи испанӣ истеъфо эълон карда, ба роҳбарият ва мухлисони клуб миннатдорӣ баён намуд. Барои расонаҳои Боливия ин қарор ғайричашмдошт буд, зеро интизор мерафт маҳз Кортес дастаро ба омодагии пешазмавсимӣ барад.
Қобили зикр аст, ки дар оғози фаъолияти мураббигии худ Кортес ҳамчун ёвари мураббӣ дар лигаи дуюми чемпионати Таиланд кор кардааст.
Ҳоло бошад, мутахассиси испанӣ ба Осиё бармегардад, аммо ин бор дар мақоми сармураббии тими КМВА-и Душанбе.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив