LIVE

Дуюмин бохти паиҳами "Ал Наср" дар Про-лигаи саудӣ дар соли 2026

Бозӣ байни дастаҳои  "Ал Наср" ва "Ал Қадисия" дар даври 14-уми Про-лигаи Арабистони Саудӣ 2025/26  дар варзишгоҳи "Ал Аввал Парк" (Риёз, Арабистони Саудӣ)  бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 2-1 ба анҷом расид.
Арабистони Саудӣ – Про-лига. Даври 14-ум
8 январи соли 2026, панҷшанбе. 20:30 ДШБ
“Ал Наср” (Риёз) 1:2  “Ал Қадисия” (Ал Хобар)
0:1 Квинйенес – 51' 0:2 Нандес – 67' 1:2 Роналду – 81'
Хулиан Квинйенес - ҳамлагари бошгоҳи “Ал Қадисия” дар дақиқаи 51-уми бозӣ ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 67-ум нимҳимоятгар Найтан Нандес пешсафии меҳмононро афзоиш дод. Ҳамлагари мизбонон Криштиану Роналду дар дақиқаи 81-ум аз сафи “Ал Наср” як голи ҷавобӣ аз зарбаи пеналти ба ҳадаф расонд. Бозигари португалӣ бо ҳамин 958-умин голи худро дар фаъолияти касбӣ ба номаш сабт намуд.
Пас аз 13 бозии Про-лигаи Арабистони Саудӣ “Ал Наср” бо 31 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа  қарор дорад. “Ал Қадисия” бошад бо 27 имтиёз дар ҷои чорум аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив