LIVE

ПСЖ 14-умин Суперҷоми Фаронсаро дар 13 мавсим ба даст овард

Бошгоҳи фаронсавии “Пари Сен-Жермен” Суперҷоми Фаронсаро бори 14-ум дар таърихи худ ба даст овард. Дар финали Суперҷоми соли 2025, ки санаи 8-уми январи соли 2026 дар майдони бетараф дар кишвари Кувайт баргузор шуд, қаҳрамони амалкунанда ва дорандаи кунунии Ҷоми Фаронса “Марсел”-ро, ки дар Лигаи 1 ҷои дуюмро ишғол мекард, аз рӯғи силсилазарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 2-2 (4-1 аз рӯи пеналтӣ) мағлуб намуд.
Суперҷоми Фаронса 2025. Финал
8 январи соли 2026, панҷшанбе. 23:00 ДШБ
ПСЖ (Париж) 2 : 2 (4 : 1) “Марсел” (Марсел)
1:0 Дембеле – 13' 1:1 Гринвуд – 76' 1:2 Пачо – 87' 2:2 Рамуш – 90+5'
Ғайр аз ин, дар тӯли 13 мавсими ахир сар аз соли 2013 дар Суперҷоми Фаронса ПСЖ пай дар пай дар ин мусобиқа ғолиб омадааст, ба истиснои мавсими соли 2021, ки “Лилл” ин ҷоизаро ба даст овард. Дар ин давра “парижиён” 12 пирӯзии Суперҷомро ба даст овардаанд. Ду чунин унвонҳои дигарро “Пари Сен-Жермен” дар солҳои 1995 ва 1998 ба даст овардаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив