Сармураббии бошгоҳи "Манчестер Сити" Хосеп Гвардиола дар бораи натиҷаи бозии даври 20-уми Премер-лигаи Англия, ки дар он дастааш бо "Челси" мусовӣ (1:1) анҷом дод, изҳори назар кард.
Англия — Премер-лига. Даври 20-ум
4 январи соли 2026, якшанбе. 22:30 ДШБ
“Манчестер Сити” (Манчестер) 1:1 “Челси” (Лондон)
1:0 Рейндерс – 42' 1:1 Фернандес – 90+4'
"Мо дар нимаи аввал хеле хуб бозӣ кардем. "Онҳо дар нимаи дуюм имкониятҳои худро доштанд. Ду маротиба дар аввал тӯбро аз даст додем ва дар охир дар вазъиятҳои “ду ба як” ва “се ба ду” иҷрокунанда надоштем. Рақиб он қадар ҳолатҳои голзанӣ зиёд надошта буд ва мо дар ҳама самтҳо аъло будем, аммо натавонистем голи дуюм, сеюм ё чорумро занем. Албатта, рақиб дар нимаи дуюм беҳтар шуд - онҳо дар нимаи аввал каме эҳтиёткортар буданд, аммо баъд онҳо чизе барои аз даст додан надоштанд ва дар ниҳоят подоши худро гирифтанд", - овардааст аз суханони Гвардиола сомонаи расмии дастаи "Сити".
Хулоса, шогирдони Гвардиола аз дақиқаи 42-юм пешсаф буданд, аммо онҳо дар дақиқаи 90+4-ум пирӯзиро аз даст доданд. Голи ҷавобиро Энсо Фернандеси аргентинӣ ба самар расонид.
