LIVE

Довари бозии Тоҷикистон ва Испания муайян шуд

Бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2019 байни мунтахабҳои ҷавонони то 17 солаи Тоҷикистон ва Испаниярон ситоди доварон аз кишвари Салвадор бо роҳбарии Иван Бартон ҳақамӣ хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ки бозии дуюми гурӯҳи “Е” байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Испания имшаб соати 00:55 бо вақти Душанбе дар назар аст. 
Чемпионати ҷаҳон-2019 (U-17)
Гурӯҳи «Е». Бозии 2-юм
1 ноябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ соати 00:55 бо вақти Душанбе
Испания – ТОҶИКИСТОН
Сардовар: Иван Бартон (Салвадор).
Ёварони довар: Давид Моран Сантос (Салвадор), Зачари Зигелаар (Суринам).
Довари эҳтиётӣ: Иво Мендез (Боливия).
Доварони Системаи VAR: Николас Галло (Колумбия), Пиеро Маза (Чили).
Пахши мустақим: ТВ "фУТБОЛ" ва ТВ "ВАРЗИШ"

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив