LIVE

Бензема оиди вазъи феълии “Реал Мадрид” сухан кард

Ҳамлагари собиқи бошгоҳи “Реал Мадрид” ва барандаи ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" дар  соли 2022 Карим Бензема андешаи худро дар бораи он ки дастаи кунунии Лос Бланкос барои ба даст овардани муваффақият чӣ намерасад, изҳори андеша намуд.
"Ягона чизе, ки ба онҳо намерасад, ин фаҳмиш байни Мбаппе, Винисиус, Беллингем ва Родриго аст. Ҳар як бозигар бояд донад, ки дар майдон чӣ кор кардан лозим аст. Беллингем бояд дарк кунад, ки ӯ бозигар аст, на голзан. Мбаппе голзан аст, на бозисоз. Винисиус нимҳимоятгари такягоҳӣ нест, ӯ ҳамлагари чап аст. Вақте ки ҳама мефаҳманд, ки дар майдон чӣ кор кардан лозим аст, ҳама чиз хуб мешавад. Зеро ин тимест, ки дар он беҳтарин футболбозони ҷаҳон якҷоя бозӣ мекунанд», - иқтибос овардааст Мадрид Юниверсал аз суханони Бензема бо истинод ба L'Équipe дар саҳифаи X-и худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив