Лигаи касбии Арабистони Саудӣ омода аст, ки агар ҳамлагари “Ливерпул” пас аз аз даст додани мавқеъ дар ҳайати асосии бошгоҳ хоҳиши тарк кардани Энфилдро дошта бошад, гузариши Муҳаммад Салоҳро маблағгузорӣ кунад, хабар медиҳад The Telegraph.
Салоҳ дар ду бозии охирини “Ливерпул” дар ҳайати эҳтиётӣ монда буд.
Бозигари мисрӣ сар аз соли 2017 бо “Ливерпул” бозӣ мекунад. Шартномаи ӯ бо бошгоҳ то соли 2025 мӯҳлат дорад. Ин мавсим ҳамлагар дар 19 бозии ҳамаи мусобиқаҳо ширкат карда, панҷ голу се партофти голӣ анҷом дод.
“Ливерпул” айни замон бо 22 имтиёз дар зинаи нӯҳуми ҷадвали Премер-лигаи Англия қарор дорад.
