Ҷерар Пике - ҳимоятгари собиқи “Барселона” ва тими миллии Испания Фаронсаро номзади асосб баҳри қаҳрамонӣ дар Ҷоми Ҷаҳон - 2026 номид.
"Ростӣ, ман фикр мекунам, ки аз рӯи сифати ҳар бозигар тими миллии Фаронса боистеъдодтарин даста дар ин Ҷоми Ҷаҳон аст. Онҳо дар ду даври чемпионати ахир ба финал баромадаанд, дар соли 2018 ғолиб омадаанд ва соли 2022 мағлуб шудаанд. Дар рӯи коғаз, онҳо беҳтарин даста мебошанд. Аммо дар футбол чизҳои бешуморе дидем, ки номҳои бузург барои пирӯзӣ кофӣ нестанд. Шумо бояд дастаеро бунёд кунед, ки дар он бозигарон воқеан муттаҳид бошанд, муносибати байниҳамдигарии хуб дошта бошанд, якдигарро дар майдон фаҳманд, аз ҷиҳати тактикӣ, дифоъӣ ва ҳам дар хати ҳамла самаранок ҳамкорӣ кунанд. Ин аст он чизе ки футболро ин қадар зебо мекунад: Шумо ҳеҷ гоҳ намедонед, ки чӣ рӯй медиҳад. "Ҳатто агар шумо дар рӯи коғаз фаворит бошед ҳам, ҳар даста метавонад шуморо мағлуб кунад", - иқтибос меорад RMC Sport аз суханони Пике.
Ҷоми Ҷаҳонии соли 2026 тобистон дар се кишвар баргузор мешавад: Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика. Аргентина қаҳрамони кунунии ҷаҳон аст. Дар финали Ҷоми Ҷаҳонии соли 2022 дастаи миллии Аргентина бо Фаронса рӯбарӯ шуд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 3-3 ба анҷом расид, аммо Аргентина дар силсилазарбаҳои пеналтӣ ғолиб омад. (4-2).
