Имрӯз, 26-уми ноябр қаҳрамони Тоҷикистон бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2025/26 бо дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад.
Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 18:45 оғоз мешавад.
Дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Наср” қаблан, 5-уми декабри соли 2023 дар Душанбе бозӣ карда буданд. Бозии дастаҳо дар доираи марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё сурат гирифта, бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфта буд.
Ҳамчунин, “Истиқлол” 2 бозӣ дар сафар муқобили “Ал-Наср” доир кардааст. Моҳи октябри соли 2023 “Истиқлол” бо ҳисоби 3 бар 1 ва моҳи сентябри соли 2025 бо ҳисоби 5 бар 0 аз “Ал-Наср” мағлуб шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз бозиҳои даври чаҳорум дар гурӯҳи “D” тими “Ал-Наср” бо 12 имтиёз садрнишин буда, роҳхати марҳилаи плей-оффро ба даст овард. “Ал-Завраа” ва “Истиқлол” соҳиби 6 имтиёзӣ буда, мутаносибан дар зинаҳои дуюм ва сеюм мавқеъ гирифтаанд. “Гоа” бидуни имтиёз дар зинаи охири гурӯҳ аст.
Мо ба дастаи шаҳри Душанбе дар бозии имрӯза муваффақият таманно дорем!
