Бошгоҳи футболи “Милан” дар бозии даври 12-уми Серияи А-и Италия зидди “Интер” бо ҳисоби як бар сифр пирӯз шуд. Ин маънои онро дорад, ки “россонериҳо” шаш бозӣ муқобили “нерадззурриҳо” мағлуб нашудаанд.
Италия - Серияи А. Бозии 12-ум
24 ноябри соли 2025, душанбе. 00:45 ДШБ
“Интер Милан” (Милан) 0:1 “Милан” (Милан)
0:1 Пулишич – 54'
Аз шаш бозии охирини байни дастаҳо “Милан” чор маротиба пирӯз шудааст ва дутоаш мусовӣ анҷом ёфтааст. Охирин пирӯзии “Интер” бар "сурху сиёҳҳо" дар даври 33-юми Чемпионати Италия дар мавсими 2023/2024 ба даст омадааст, ки он бозӣ бо ҳисоби 2-1 ба анҷом расида буд.
Пас аз ин бозӣ "Интер" бо 24 имтиёз дар ҷои чоруми лигаи олии Италия қарор дорад, дар ҳоле ки "Милан" бо 25 имтиёз дар ҷои дуюм аст ва аз пешсафи Серияи А-и Италия "Рома" ду имтиёз қафо мондааст.
