LIVE

Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон-2019

Имрӯз, 28-уми ноябр мунтахаби Тоҷикистон (U-17) бозии нахустини хешро дар доираи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2019 дар Бразилия баргузор мекунад. Рақиби шогирдони Зайнидин Раҳимов дар бозии якуми гурӯҳи “Е” қаҳрамони Ҷоми лигаи миллатҳои Авриқо тими миллии Камерун мебошад. Вохӯрии мазкур имрӯз, соати 20:00 бо вақти Бразилия ва соати 04:00 субҳи 29-уми октябр бо вақти Тоҷикистон баргузор мешавад. Бозии дигари гурӯҳи “Е” байни тимҳои ҷавонони Испания ва Аргентина соати 00:50 бо вақти Душанбе дар назар аст.
Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон (U-17)
Гурӯҳи «Е». Даври 1-ум
29 октябр (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 04:00-и Душанбе
ТОҶИКИСТОН – Камерун
Сардовар: Ник Уолдрон (Зеландияи Нав).
Ёварони ӯ: Исаак Тревис (Зеландияи Нав), Джереми Гарае (Вануату).
Довари эҳтиётӣ: Иво Мендез (Боливия).
Видеодоврон: Бибиана Штайнхаус (Олмон), Луис Мигел Бранко (Португалия).
Бразилия. Кариасика, варзишгоҳи «Klеber Andrade»
Пахши мустақим: ТВ "Футбол" ва ТВ "Варзиш"

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив